ВАҲДАТОФАРОН БОШЕМ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Боиси ифтихор аст, ки имсол мардуми сарбаланди кишвар 26 – умин солгарди Ваҳдати миллиро истиқбол менамоянд. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон дод, ки бо истифода аз эътирофи ин санади муҳим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари тозаистиқлол ва дар масири таҳкими сулҳу осоиштагӣ, робитаҳои мутақобиларо бо мамолики гуногуни ҷаҳон густариш бахшида, ба рушду ободии Ватани азизамон заминаи мусоид фароҳам биёварем.

Гарчанде, ки аз он рӯзҳои даҳшатноки ҳодисаҳои шаҳрвандӣ зиёда аз чаҳоряк аср сипарӣ шуда бошад ҳам, аммо он рӯзҳои сахту сангин, ки ба сари миллати тоҷик омада буд, дар хотираҳои шоҳидони вақт боқӣ мондааст.
 

Мавлуда Шокаримова, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 ноҳияи Кӯшониён бо ёдоварӣ аз рӯзҳои нохуш иброз медорад, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аллаккай миёни мардум ҳар гуна овозаҳо паҳн мешуд, ки гӯё  моро мушкилоти зиёде дар пеш аст. Бинобар сабаби он, ки дар он шабу рӯз мо дар фазои дӯстию рафоқат зиндагонӣ доштем, бештари мардум ба ҳар гуна тахмину ҳангомаҳо боварӣ надоштанд. Мурури рӯзу моҳҳо шоҳиди ҳолатҳое ҳам шуда   будем,   ки   дар   кӯчаҳо   ба  дасти баъзе ҷавонон силоҳ дида, моро даҳшат фаро мегирифт.
Мавсуф ашки дидагонашро пок карда, оҳи бадарде кашида, суҳбатро идома дод. Дар он солҳои сахту сангин гирифтори бемории қалб шуда, бо мақсади табобат ҳамроҳи ду фарзанди хурдсолам ба маркази ноҳия ба хонаи хоҳарам раҳсипор шудам.
Дар роҳ дидбонгоҳҳои аз ҷониби гурӯҳҳои силоҳбадаст ташкил карда шударо дида, ба андеша фурӯ мерафтам, ки оқибати ҷомеаи мо чӣ мешуда бошад?

 

Дар он давра аллакай бештари мағозаҳои хӯрокворӣ аз фаъолият бозмонда буданд ва мардум барои хариди анвои ниёзи хеш дар нуқтаҳои фурӯши нону дигар маводи аввалия соатҳо навбат меистоданд.Баъзан ҳолатҳо 2-3 рӯз дар хонаҳои мо як бурида нон ёфт намешуд, ки кӯдаконамон гуруснагиро бо оби шир рафъ мекарданд. Пиру барнои ноҳияи имрӯза Кӯшониён соатҳо навбат истода, соҳиби чанд дона хлеб мешуданд, ки он ҳам барои таъмини оилаҳо барои як шаб кифоя мекарду халос.
 

Ба гуфтаи Мавлуда Шокаримова бо гузашти рӯзҳо вазъият торафт муташанниҷ гардида, аз садои дилхароши тиру туп сокинон, ба хусус, пиронсолону тифлонро тарсу ҳароси ногуфтание фаро гирифта буд. Пас аз он ки вазъият дар маркази ноҳия ҳам ноором гардид, падарам маро ҳамроҳи фарзандонам ба деҳот овард, ки дар он айём аллакай, тамоми сокинони  деҳот аз манзилҳои зисти худ ба минтақаҳои гуногун ҳиҷрат карда буданд.
Ҳамин тавр, онҳо низ роҳ сӯи пойтахти кишварамон шаҳри Душанберо пеш гирифтанд ва раҳораҳ хонаҳои вайрону валангорро дида,  дилрешу маҳзун, дигар умед ба ояндаи неку осоиштагиро надоштанд. Мавлуда лаҳзае ба андеша фурӯ рафта, буғзи гиря дар гулу шеъри Ашӯр Сафарро замзама мекард.

Як бори дигар ханда ба лаб
               мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб
               мешуда бошад?
Дар кашмакаши рӯзи фурӯзону
                   шаби тор
Помолу фано зулмати шаб
               мешуда бошад?
Фарзанд, ки бар ҷони падар
            теғ кашида,
Бишкастагари теғи ғазаб
              мешуда бошад?
Бар ҷойи ҳамин мамлакати
               сулҳҷудоям
Як мамлакати сулҳталаб
               мешуда бошад?

Хушбахтона, баъди тирагиҳои рӯзгор ба сари миллати сарсону саргардони тоҷик анвори сулу ваҳдат дурахшид. Пас аз интихоби сиёсатмадори ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваъдаи сулҳ ба Ватан, баргардонидани тамоми гурезаҳои кишварамон мардум аз нав ба оянда умед бастанд.

 

Ҳамин тавр, баъди талошҳои фидокоронаи фарзанди фарзонаи миллат дар шаҳри Москави Федератсияи Руссия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Дарвоқеъ аз рӯзҳои аввали роҳбарии давлати ҷангзадаву тороҷгаштаро бар зимма гирифтани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум бо меҳру муҳаббати беандоза ба якдигар иттиҳоду сарҷамъ баҳри барқарор кардани харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ камари ҳиммат бастанд.
 

Ёд дорам, дар он шаби шунидани пайки сулҳ тариқи оинаи нилгун мардум аз хурсандӣ ҳамдигарро оғӯш гирифта, муборакбод мегуфтанд. Ба ҳангоми пахши барномаҳои шодиёна аз сулҳу ваҳдати миллӣ мо дар баробари устод Лоиқ Шералӣ шеъри «Сулҳи деринтизори мо омад»-ро замзама мекардем:

Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсўзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Ҳоли зору низори мо бигзашт,
Вақти ҷуду нисори мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад!

Мавлуда Шокаримова мегӯяд, ки он суханони ҷонбахшеро, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Иҷлоссияи 16-уми Шӯрои Олӣ изҳор намуданд, дар зеҳну замири мо маъво гирифтааст: «…Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила баҳри барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам».
 

-  Дар он шабу рӯз тариқи барномаи радиои  “Хоки ватан” ба бародарону хоҳарон ва пайвандоне, ки дар ғурбат қарор доштанд, пайку паёми ҳастӣ мерасид, то ҳарчӣ зудтар муҳоҷирони иҷборӣ ба хонаҳои худ баргарданд. Ҳамин тавр, мурури солҳо бо саъю талошҳои роҳбари ҷавони Тоҷикистони тозаистиқлол тамоми гурезаҳо ба Ватан баргаштанд ва ҳаёти осоишта аз нав оғоз ёфт.
 

Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо саъю талошу ҷонфидоиҳои фарзанди барӯманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, санади таърихию тақдирсози кулли тоҷикону тоҷикистониён арзёбӣ мегардад. Маҳз аз баракати сулҳу Ваҳдати миллӣ мо тавонистем рӯзгори худро дар фазои сулҳу дӯстию якдигарфаҳмӣ ба роҳ монда, пас аз ҳазор соли бедавлативу парешониҳои миллат соҳиби давлати соҳибихтиёр гардем.
Бо гузашти солҳо, санаи 27-уми июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар фарди худогоҳи Ватан моҳияти бештару бештар пайдо мекунад. Зеро тинҷиву осоиштагӣ ва рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон ва ҳам муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад, мегӯяд, Мавлуда Шокаримова.

 

Ба гуфтаи қаҳрамони мо Мавлуда Шокаримова моро мебояд, ки ба хотири ҳифзу пойдории ҷовидонии Ваҳдати миллӣ, иттиҳоду сарҷамъ буда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами хеш барои рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистони азиз ҷидду ҷаҳд намоем, то ин ки барои наслҳои ояндаи хеш меҳани ободу сарсабзро боқӣ гузорем.

Аҳлиддини Муборакшоҳ,
“Ҳамрози халқ”