НАҚШИ ҲХДТ ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Таҷрибаи садаи охир  собит месозад, ки инкишофу тараққиёти мамолики пешрафтаи олам, ба вижа дастоварду навовариҳо дар кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа  аз рушди соҳаи илму маориф маншаъ мегирад.

Бо дарназардошти мо-ҳияти рушди соҳаи маориф ва дар заминаи баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия омода намудани кадрҳои лаёқатманд ва мутахассисони ҷавобгӯи бозори меҳнат соҳаи маориф аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Тибқи таҳлилҳо дар партави сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии кишвар давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар қаламрави мамлакатамон зиёда аз 3240 муассисаҳои таълимии замонавӣ бунёду мавриди баҳрабардории 1 миллиону 400 ҳазор нафар толибилмон қарор дода шудааст.
Тавреки дар Паёми Пешвои муаззами миллат аз 21-уми декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии кишвар омадааст: «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».

 

Дар вилояти Хатлон бинобар сол аз сол афзудани шумораи хонандагон талабот ба  муассисаҳои таълимӣ зиёд шуда истодааст. Дар баробари тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояҳои дохилву хориҷӣ барои бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ, ҳамзамон бо иқдоми фаъолони ҷомеа  ба вижа, ҷалби Кумитаҳои падару модарон соле даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода мешавад. Маврид ба ёдоварист, ки бо таваҷҷуҳи хоса ба рушди соҳаи таълиму тарбия ва саҳмгузории ҳизбиён дар таъмиру азнавсозии иншооти соҳаи маориф солҳои охир аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иқдомҳои муҳими ояндасоз  роҳандозӣ гардида истодааст. Ташаб-бусҳои ҳизбии “Соати сиёсӣ”, амалиёти муштараки “Мактаби ман” аз иқдомҳои муҳими дастаҷамъонаи Кумитаи иҷ-роияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо мао-рифчиён мебошад, ки дар баробари мусоидат ба раванди баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ҳамзамон, баҳри маърифатнокии сиёсии толибилмони синфҳои болоӣ ва ҳам фароҳам овардани шароиту имкониятҳои шоистаи илмомӯзӣ, таъмини ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои таълимӣ нигаронида шудааст. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи умум, ба хусус Кумитаи падару модарон  ба таъмиру азнавсозии мактабу синфхонаҳои иловагӣ дар радифи саҳмгузории ҷомеа ба рушди соҳаи маориф, инчунин дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу муаллим нақши бағоят муҳим дорад. Илова бар ин, аз давраи роҳандозӣ гардидани ташаббусҳои мазкур дар шаҳру навоҳии вилоят садҳо муассисаҳои таълимӣ таъмиру синфхонаҳои ило-вагӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
 

Дар ҳамин шабу рӯз, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таътили тобистона баромадаанд, раванди корҳои таъмиру азнавсозии мактабу дигар иншооти соҳаи маориф вусъати тоза пайдо карда, дар баробари бинокорон ҳамзамон  ҳазорон нафар сокинон ҷиҳати омода намудани мактабу синфхонаҳои иловагӣ ба соли нави хониш саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
 

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ташаббусҳои муштараки ҲХДТ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои зиёдеро дар бар дошта, дар баробари ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба корҳои ободонӣ ва бунёди мактабу синфхонаҳо, ҳамзамон, таваҷҷуҳи сокинони кишварро, ки айни замон дар хориҷ аз кишвар кору зиндагӣ доранд, ба корҳои ободонӣ, аз ҷумла саҳмгузорӣ дар таъмири мактабу синфхонаҳои иловагии муассисаҳои таълимии зодгоҳашон ҷалб намуда истодааст.
 

Ба хотири омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш ва ҷалби таваҷҷуҳи насли ояндасози кишвар ба илму донишандӯзӣ мебояд, ки ҳамкориҳои мактабро бо оила боз ҳам тақвият бахшида, бобати фароҳам овардани шароитҳои беҳтари илму донишандӯзии хонандагон мутобиқсозии шароиту имкониятҳои таълимӣ ба меъёрҳои замони муосир аз тамоми имкониятҳо самаранок бояд истифода бурд.
Шаҳло Шукурова, сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иброз медорад, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат солҳои охир саҳмгузории сокинон дар корҳои бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ба ҳукми анъана даромада,  дар баробари Кумитаи падару модарон ҳамзамон собиқ хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ низ ба ташаббусҳои ободонӣ ҳамроҳ шуда истодаанд.

Дар мавсими имсолаи таътили тобистонаи хонандагон мо бо дастгирии падару модарон тамоми синфхонаҳои муассисаро аз таъмир бароварда, ҳамзамон бо иқдоми сокинон панҷараҳои фарсудаи атрофи мактабро бо масолеҳи хуштарҳи оҳанин иваз карда истодаем, ки ин ба симои мактабу маҳаллаи мо ҳусни дигар зам мекунад. Қобили зикр аст, ки дар баробари саҳмгузории Кумитаи падару модарон барои хариду дастрасии масолеҳи сохтмонӣ, ҳамчунин ҷавонмардони омӯзгор насби панҷараҳоро ба уҳда гирифта, аз иҷрои ин корҳои сохтмонӣ ба хубӣ баромада истодаанд. Яъне, сол аз сол сокинон ба корҳои ободонии муассисаҳои таълимӣ тариқи ҳашари дастаҷамъона таваҷҷуҳи бештар пайдо карда истодаанд.
 

Тавре сокинони шаҳри Бохтар иброз медоранд, амалиёти муштараки “Мактаби ман” аз ташаббусҳои саривақтии ҳизбиён бо маорифчён ба ҳисоб рафта, маҳз бо ин васила  робитаи мардумро бо мактаби    таҳсилкардаашон     барқарор намуда, бо ин васила сокинон овони наврасии худро ба ёд меоранд, бо устодону собиқадорони соҳаи маориф вохӯрда аз ҳолу аҳволи онҳо огоҳӣ пайдо мекунанд ва инчунин бо таваҷҷуҳ ба илму донишандӯзии фарзандони худ дар беҳдошти сатҳу сифати таълим дар мактабҳои зодгоҳи худ саҳме гузошта метавонанд.
 

Ба гуфтаи Алиҷон Ҳалимов, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маҳз меҳру муҳаббати инсон аз дабистоне, ки он ҷо нахустин ҳарфҳоро омӯхтааст ва ёдоварӣ аз панду андарзу устодон моро водор менамояд, ки то қадри имкон дар корҳои ободонии мактаб ва ҳатто муҷаҳҳаз гардонидани китобхонаву синфхонаҳои мактаби зодгоҳи хеш саҳми худро гузорем. Ба ин хотир, агар ҳар фарди худогоҳ боре дар корҳои ободонии мактаби хатмкардаи худ саҳме гузорад, мутмаинам тамоми мушкилиҳои соҳаи маориф дар ноҳияҳо зина ба зина ҳалли худро меёбанд. Аз сӯи дигар, ҳар яки мо бо саҳмгузорӣ дар корҳои ободонии муассисаҳои таълимӣ арҷу эҳтироми худро ба мактабу нахустин устодони хеш арзёбӣ намуда, ҳамзамон дар раванди таълиму тарбияи насли ояндаи миллат саҳми шоиста мегузорем, ки ин бароямон мояи ифтихор аст, -мегӯяд А. Ҳалимов.
 

Дар воқеъ амалиётҳои «Соати сиёсӣ» ва «Мактаби ман» дар тамоми муассисаҳои қаламрави вилояти Хатлон ҳамовозӣ пайдо карда, ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбиён дар ин самт дар рушду пешрафти соҳаи маориф нақши бағоят бузург мебозад. Дар умум таваҷҷуҳи ҲХДТ ба ҷалби ҷомеа дар корҳои ободонӣ ва таъмиру азнавсозии мактабу синфхонаҳо дар радифи фароҳам овардани шароити мусоиди таълим инчунин, масъулияти омӯзгоронро ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дучанд хоҳад намуд.  Зеро, ҳар чӣ қадар шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардида бошад, муаллим дар ҷомеа мақоми баландро соҳиб мегардад ва ба ҳамон андоза ҷомеаи мо ба ҳадафҳои ояндасози худ ҷиҳати тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманд бештар муваффақ хоҳем гардид.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН, Ҳамрози халқ