ВАСИЛАИ ТАЪМИН БО ҶОЙИ КОР

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Имрӯзҳо яке аз ҳадафҳои сиёсати Ҳукумати мамлакат ин бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор, паст кардани шиддати бекорӣ ва бо шуғл фаро гирифтани сокинони кишвар, аз ҷумла ҷавонон мебошад. Натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ гувоҳ аз он медиҳанд, ки имрӯз вазъи иҷтимоию иқтисодии қишрҳои ниёзманд дар кишвар сол аз сол хубтару беҳтар гардида истодааст.

Баҳодур Холмадов, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, ки тайи солҳои соҳбистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ садҳо корхонаҳои хурду бузург сохта ба истифода дода шудааст, ки ба ин васила нафарони корҷӯ бо ҷойҳои кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин мегарданд.
Бояд гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Амалӣ гардондан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи се ҳадафи стратегӣ – «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқавории кишвар» ва «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ» вазифаҳои аввалиндараҷа буда, муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад.

 

Бо бунёд гардидани корхонаҳо дар шаҳру навоҳии кишвар аз як ҷиҳат таъмин намудан ба ҷойи кор бошад, аз ҷониби дигар ин кам гардидани сафи муҳоҷират ба кишварҳои хориҷ арзёбӣ мегардад. Ҳамин аст, ки масъулини шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шаритус бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», дар 5 – моҳи соли ҷорӣ як қатор корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.
 Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмин ва фаро гирифтани нафарони бекор бо ҷойи кори доимӣ ва муваққатӣ дар ҳудуди ноҳия давоми панҷ моҳи соли равон  9 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ доир карда шудааст.

 

Дар ярмаркаҳои мазкур беш аз 18 корхона, муассисаю ташкилот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуда, ба корҷӯён ҷойҳои кори холӣ пешниҳод намуданд.  Дар ярмарка беш аз 385 нафар корҷӯ барои дарёфти кор вориди ярмаркаи мазкур гардиданд, ки аз ин шумора 142 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ  таъмин гардиданд, иброз дошт Баҳодур Холмадов.
 

Бинобар гуфтаи масъулини соҳаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Шаҳритус фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, санаду меъёрҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шаҳритус барои солҳои 2023-2025 ба роҳ монда шудааст.
 

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки давоми 5 – моҳи аввали соли 2023 ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шаҳритус ҳамагӣ 771 нафар бекор муроҷиат карданд, ки аз ин шумора 358 нафаршонро занон ташкил медиҳад. Имрӯзҳо яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар ин таъмин намудани занони хонашин бо ҷойи кор мебошад, ки ин иқдоми нек дар ноҳияи Шаҳритус низ роҳандозӣ гардида истодааст.
 

Имрӯзҳо пешрафт ва рушди дилхоҳ соҳаро бе иштироки занону духтарон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо карда, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат кору фаъолият доранд.
Чун дар дигар шаҳру навоҳии вилоят имрӯз  саҳми  занону духтарони ноҳияи Шаҳритус  дар ҳама ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва соҳаҳои хоҷагии халқ назаррас арзёбӣ мегардад.

 

Доир ба иҷрои нишондиҳандаи  Барномавӣ дар самти мусоидат ва бо кор таъмин намудани аҳолии бешуғл  Баҳодур Холмадов иброз дошт, ки тибқи дархости кордиҳандагон дар 5 моҳи аввали соли 2023, 707 нафар бекор ба қайд гирифта шудааст, аз ин шумора 320 нафарашон занон мебошанд, ки  бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.
 

Ҳамчунин, бо хушнудӣ Баҳодур Холмадов  зикр кард, ки  дар даврони соҳибистиқлоли кишварамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бун-ёди давлати соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар шароити такомули муносибатҳои нави байналмилалӣ пайваста эътиборашро афзуд ва тавассути сиёсати хориҷии бисёрқутба ва пешниҳодҳои созандаи Пешвои миллат оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мақоми шоистаро касб кардааст.

Аҳлиддини Муборакшоҳ,
“Ҳамрози халқ”