ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР АМАЛ 

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 1.07.2023 дар назди бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ташкил намуда ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидании ҳар як гӯшаву атроф саҳмгузор бошанд.

Аз ин рӯ, кормандони КИ ҲХДТ бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниҳо дар самти корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар назди бино Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён шанбегӣ доир намуданд. Бояд қайд намуд, ки кормандон бо як рӯҳияи баланд барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкан, тозаву озода намудани гузаргоҳҳои дохиливу беруни ва гирду атроф, нарм намудани заминҳо дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва барои боз ҳам зеботар намудани коргоҳи худ пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.