АЁДАТИ ГУЗАШТАГОН ИН АМАЛИ ХАЙР АСТ!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён якҷоя бо ташкилотҳои ибтидои "Саъди Шерозӣ", «Бинои», “Зафар”, “Заркамар”, “Фирдавси”, “Чорбоғ”, “Хофагии ҷангал”, “Дустон”, “Роҳинав  ва “Гулистон”,  оид ба тоза намудани дохил ва атрофи Оромгоҳҳо аксияи ҳизби таҳти унвони  “Рӯзӣ Ёдоварӣ” доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс, раисони маҳалла ва Имоми масҷидҳои паҷвақта иштирок намуданд. Пеш аз чорабинии мазкур аҳли иштирокдорон даст ба дуо бардошта барои гузаштагон ва ба тинҷиву омонии кишварамон ва ба  Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  намуданд. Дар ин руз сокинон, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба оромгоҳи деҳаҳои  Ёбуз, Гузариболо, Ғишткупрук, Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав, деҳаҳои, Саветобод, ва, Бобоҷон Ғафуров, Баҳористон ва Нусратулло Махсум ва Фароғат ва Роҳинави Ҷамоатидеҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён барои тоза намудани гирду атрофи ин оромгоҳо баромада, тозаву озода намуда, саҳми арзандаи худро гузоштанд.  Ёдорвар мешавем, ки ин чорабинии мазкур оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзӣ Ёдовари” дар оянда низ аз ҷониби масъулин дар дигар маҳаллаҳои ноҳия ташкил ва гузаронида мешавад.