ХАТАР ВА ОҚИБАТҲОИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти  ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари зиёдеро ба миён овардааст». Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Солҳои охир  ҷомеаи  ҷаҳонро  хатари  терроризму  экстремизм  ҳамчун вабои  мудҳиш таҳдид дошта, ҳатто ягон кишварҳои пешрафтаи дунё кафолат дода наметавонад, ки  аз таъсиру  амалҳои ташкилотҳои терористию экстремистӣ  эмин аст.  
Мутаассифона, хатари терроризму экстремизм ба бузургтарин таҳдиди ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст. Гурӯҳҳои  ифротгаро  бо  истифода   аз  эътиқоди динии аҳолӣ, алалхусус номукаммал будани дониши динию дунявии қисме аз ҷавонон амалҳои зишту манфури худро дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон амалӣ менамоянд.
Маҳз барои  ба  ҳадафҳои  ниҳоии сиёсӣ  расидан, аксаран  ташкилотҳои  экстремистӣ   ба  эътиқоди  динии  мардум таъсир расонда, ҷомеаро ба гумроҳӣ мебарад. Ифротгароёни динӣ бо ҳар роҳу восита амалҳои нопоки худро пиёда карда, суботу осоиштагии баъзе кишварҳоро халалдор менамоянд.
Пӯшида нест, ки дар як қатор давлатҳои ҷаҳон ҷангу хунрезӣ, ноамнию саргардонӣ дида мешавад. Масалан, ҷанги Русияву Украина,  боиси фирор ва қурбонӣ шудани шумораи зиёди мардум гардида, дар қаламрави ин кишварҳо мушкилоти бекорию гуруснагӣ ва дигар проблемаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст.
Терроризму ифротгароӣ  беш  аз  ҳарвақта  авҷ гирифта, бо оқибатҳои  даҳшатбору бераҳмонаи худ ба давлату миллатҳои гуногуни ҷаҳон  зиёни зиёде оварда истодааст. Мақсади  ташкилотҳои  ифротгаро  ва ҳизбу  ҳаракатҳои  гуногун, ноором  кардани давлату миллат, гумроҳсозии  ҷавонон, қатлу  куштор мебошад.
Агар ба фаъолияти ин гурӯҳҳои иғвогар назар андозем, ба осонӣ мефаҳмем, ки онҳо дар ниқоби ҳомиёни дин баромад намуда, ба сари халқи  бечора  бадбахтиҳо оварда истодаанд.  Нафароне, ки ба ҳарфу ваъдаҳои онҳо бовар карда, фирефтаи ин гурӯҳҳо  мешаванд, ҷони  худу наздикон  ва  ҷони  ҳазорҳо   мардуми  бегуноҳро   зери  хатар  мегузоранд.
Ташкилотҳои  террористиву  экстре-мистӣ, дар зери ниқоби  дини мубини  Ислом чӣ корҳои фасоду даҳшатнокро анҷом медиҳанд. Мехоҳанд сулҳу суботи ин ё он кишварро аз байн баранд. Дар  ҷанги   шахрвандӣ   нафарони   зиёде   аз   падару  модар, бародар, апаву хоҳар, хешу ақрабо ва  фарзандон  маҳрум  мондаанд, ки  то  ҳол дар фироқи  азизонашон  месӯзанд.
Муқовимат  бо  терроризм  ва  экстремизм, фароҳам овардани фазои  боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои  ҳамдигар, муттаҳид  шудани   ҳамаи халқҳо ва кишварҳои  дунёро  дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.
Мутмаинем, ки миллати  ранҷдидаву  азияткашидаи  тоҷик, ки имрӯзҳо ба  роҳи худогоҳиву худшиносӣ  ва тамаддунофарӣ  пеш  меравад, дигар  ҳаргиз  ба фиребу найранг  ва  дасисаҳои  худобехабарон  дода  намешавад.
Озодиву истиқлол барои ҳар як давлату миллат  дастоварди  муқаддас  ба  шумор  меравад. Миллати  тоҷик  дар  тӯли садсолаҳо бо ормони давлати мустақили  миллӣ  зиндагӣ ба сар мебурд ва дар тӯли ин ҳама давронҳои  тӯлонӣ  ҷони садҳо фарзандони содиқу меҳанпарасташро аз даст додааст.
Ҳазорон  шукр, ки  мо имрӯз давлати миллии худ – тифли ормонҳои гузаштагони худро дорем ва бо азму талоши мардуми ватандӯст  онро  давра   ба   давра  бо  меҳнату  заҳматҳои зиёди созанда  ва  талошҳои  хастанопазир  ба  ояндаи  босаодат  раҳнамун  месозем. Мутмаинем, ки хоинону  бадхоҳони  миллат  ҳаргиз ба мақсадҳои  нопоку  ғаразноки  худ  намерасанд.
Имрӯзҳо,  нисбати масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи чораҳои таъсирбахш андешида шуда истодаанд. Аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба соҳаи варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, табъу нашр кардани асарҳои тарбиявӣ, ташкили барномаҳои ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар газетаву маҷаллаҳо аз муҳимтарин тадбирҳо дар ин самт арзёбӣ мегардад. Ин ва дигар тадбиру чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад ва имрӯз  танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки сулҳу субот  таъмин ва ҳар як фард дар Ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханрониашон дар яке аз Конфронсҳои сатҳи олии байналмилалӣ нисбат ин падидаҳои номатлуб изҳори нигаронӣ намуда гуфта буданд, ки: “Яке аз омилҳои густариши экстремизм ва терроризм истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ, махсусан сомонаҳои интернетӣ аз тарафи ташкилотҳои террористӣ бо мақсади таблиғоти ифротгароӣ, ҷалби аъзои нав ба сафи худ, омода ва ҳавасманд намудани онҳо ба амалҳои харобиовар мебошад”
Имрӯз ки Тоҷикистон соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон мавқеи худро мустаҳкам намуда, бо зиёда 200 мамолики дунё робитаҳои дипломатӣ дошта, ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудаву рушду пешрафтҳо дорад. Ин дастовардҳои давлатдории мо барои баъзе қувваҳои бадхоҳи миллату давлати мо писанд нест ва онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи моро бори дигар ноором бисозанд.
Бо назардошти ҳамаи ин, мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид бошем, ҳисси худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардошта, Тоҷикистони азизро аз ғаразҳои бегонагон муҳофизат намоем. Ватани азизамонро обод намоем то ваҳдати миллии мо пойдору Парчами Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад.

Муҳаммаддовуд Ҳалимзода,
сармутахассиси шуъбаи таблиғот  ва иттилооти  Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар вилояти Хатлон