АЁДАТИ ОИЛАҲОИ ШАҲИДОНИ ВАТАН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

ШАҲРИТУС

Дар ташкилоти ибтидоии «Расин» бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия, сардор ва кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур маҷлиси ҳисоботи-интихоботӣ доир гардид.
Дар маҷлиси ҳисоботи-интихоботӣ ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда, ба роҳбарӣ гирифтани Қарори Раёсати Кумтаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”; интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва қабул ба сафи аъзои ҲХДТ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
 Зимни баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ, сардори ташкилоти ибтидоии «Расин» оиди корҳои ба анҷом расонидашуда аз қабили, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳанги баргузор намудани 30-солагии ҲХДТ, инчунин расонидани кӯмаки молиявӣ ба маъюбону ва ятимони кулл маълумот дод.