КОРҲОИ ТАЪМИРӢ ДАР МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

ЛЕВАКАНТ

Тибқи дастуру ҳидоят-ҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ташаббусҳои созандаи ҳизб дар соҳаи маориф амалӣ гардида истодаанд.
Дар доираи ташаббусӣ “Мактаби ман” бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот-иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Расулов Меҳтоҷалӣ дар Литсейи давлатии №1-и шаҳр бо саҳми ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” ва дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи падару модарон таъмири бинои муассиса оғоз гардидааст.
Ҳамасола омӯзгорон тамоми синфхонаву роҳравҳои дохил ва беруни муассисаро аз таъмири косметикӣ бароварда, барои соли хониши оянда омодагии ҷиддӣ мебинанд.