АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ БАХШИДА БА 26 – УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар таърихи 23 июни соли ҷорӣ бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот Хушдили Раҷабали ва аъзоёну ҷонибдорони Ҳизб Аксияи иттилоотӣ дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ рамзи пирӯзию сарҷамъии миллат” зимни баргузории аксияи мазкур аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар марказии ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд ноҳияи Темурмалик ба сокинон варақаҳои иттилоотиву таблиғотӣ тақсим намуда, ҳамзамон иброз доштанд, ки воқеан ҳам Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик кафили ояндаи рушду нумуи миллат арзёбӣ шуда, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон арзиши хело муҳим дорад.

Тоҷику тоҷикистонӣ будан, ба миллати соҳибтамаддуну қадимаи тоҷик тааллуқ доштан мояи ифтихор аст ва ҳамзамон аз ҳар як фарди ҷомеа масъулияти бузургро талаб дорад.

         Бинобар ин сабаб ҳама як тану як ҷон шуда баҳри пойдор нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат сидқан талош намоем.

         Дар Аксияи мазкур зиёда аз 100 – адад варақаи аксияи ҳизбӣ ба коргарони муассисаву ташкилотҳо, шаҳрвандони алоҳида ва роҳгузарон дастрас гардид