ДАСТГИРИИ АШХОСИ НИЁЗМАНД ДАР АРАФАИ ИДИ ҚУРБОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 24-уми июни соли равон бо мақсади пайравӣ аз сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар арафаи иди Қурбон ба як нафар маъюб, сокини деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти  Панҷ, Алиев Ҳамидҷон нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ расонида шуд.

   Зимни супоридани нафақаи ҳизбӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Зайдулоев Муҳаммад иброз дошт, ки давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии он ҳамеша ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд.