МЕҲНАТИ СОЗАНДАВУ ОБОДГАРОНА

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маъмурият ва коллективи омӯзгорон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳия бо ҷамъбаст намудани соли таҳсил ба таъмири ҷории синфхонаҳо ва дар умум муассиса шурӯъ намуда, дар ин самт корҳои таъмиру тармимро бо маром идома дода истодаанд.

Айни ҳол, аз ҳисоби маблағгузориҳои Кумитаи падару модарон таъмири ҷории муассиса идома дошта, омӯзгорон ва кормандони техникии муассиса ба рангубор намудани синфхонаҳо, роҳравҳо ва гирду атрофи муассиса машғуланд.

Директори муассиса Алиев С яке аз директорони пешқадам ва аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳия ба ҳисоб рафта, дар ободонии муассиса саҳми сазовор дорад.