КОНФРЕНСИЯ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ 26-умин СОЛГАРДИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР МАВЗӮИ “ДАСТОВАРДҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”.

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи А.Ҷомӣ конфренсия бахшида ба таҷлили 26-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи “Дастоврдҳои Пешвои Миллат” баргузор гашт. Дар чорабинии мазкур Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияви А.Ҷомӣ Муминзода Мастура Табарӣ, мудири шуъбаи занон дар ноҳия Икромова Сайрам, муовини Раис дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Самадзода Саёҳат дар ноҳияи А.Ҷомӣ ва Бердиева Садафмоҳ -собиқадори аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок доштанд. Саравал сухани муқадимавиро вакили маҷлиси вакилони халқи Муминзода Мастура Табарӣ қайд намуд, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро интихоб намуд, ки яке аз принсипҳои меҳварии бунёди чунин ҷомеа гуногунандешии сиёсӣ аст. Ин ҷашн дар шароите таҷлил мегардад, ки мафҳумҳои ормонҳои миллӣ, истиқлол, озодӣ, демократия барои ҳар як сиёсатмадору зиёӣ, олиму муҳаққиқ ва тамоми мардуми Ватани азизамон равшан аст ва масири расидан ба ин ҳадафу ормонҳо мушаххастар шуда, ҳаракат барои пешрафти бештари мамлакат дар тамоми заминаҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ суръати нав пайдо менамояд ва дар ин замина мақоми сиёсати хориҷӣ нақши калидӣ хоҳад дошт. Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Самадзода Саёҳат суханронги намудан, ки маҳз ба шарофати ба даст овардани Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон тавонист, ки дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфузи баланд пайдо намуда, аз Созмони Милали Муттаҳид сар карда, узви муҳимтарин созмонҳои байналмилалии дунё гардад. Тоҷикистон имрӯз бо 176 кишвари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудааст, ки ин ҳама барои мо ифтихори баланд аст. Имрӯз Тоҷикистон ва кулли давлатҳои дунё дар шароите қарор доранд, ки ҷаҳонишавӣ ба раванди ҳокими таҳаввулоти сайёра мубаддал гардидааст. Он ҳам барои рушди иқтисодиву технологӣ миёни давлатҳо имкониятҳои бузург фароҳам меорад ва ҳам метавонад боиси тезутундшавии масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ, инчунин торафт бештар гардидани нобаробарии иҷтимоии мардум ва шиддат гирифтани буҳрони маънавии ҷомеаи ҷаҳон гардад. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқӯъ пайваста, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ муайян шудаанд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ барномаҳои густурдаи рушду тавсеа амалӣ мегарданд ин суханҳо аз ҷониби собиқадори аъзо ва ҷонибдори ҲХДТ дар ноҳия суханрони намуданд.
Мо итминони комил дорем, ки Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои наздик бо бархӯрдорӣ аз рӯҳияи баланди созандаи мардум, дар заминаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ҳамкории густурда бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба пешрафтҳои аз ин ҳам бештар даст меёбад ва дар сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳон мақоми шоиста касб менамояд.       
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
Дар ноҳияи А.Ҷомӣ.