РАФТИ БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25-уми июни соли равон бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар арафаи иди Қурбон дар оромгоҳҳои ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” доир гардид.

Аз он ҷумла, чунин ҳашари дастаҷамъона дар оромгоҳҳои деҳаҳои Истиқлол ва Рӯдакии Ҷамоати деҳоти Панҷ роҳандозӣ гардида, иштирокдорон дохил ва атрофи қабристонро аз хасу хошок ва алафҳои худрӯй тоза намуда, саҳми арзандаи худро гузоштанд.