ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБИЁН ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кӯшониён:Ташаббусҳои ҳизбӣ. Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо пайваста кумакҳои моддиву молиявӣ расонида мешавад.

Дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмак ба нафарону оилаҳои эҳтиёҷманд, маъюбон ва бепарастарон имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Бо ҳамин мақсад дар арафаи Иди Қурбон ба ин оилаҳо кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуда истодааст.

Ин навбат дар таърихи 24-уми июни соли равон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади дастгири намудани ин оилаҳо кумакҳо расонида шуд. Аз ҷумла ба оилаи ниёзманд аз ҷамоати деҳоти Меҳнатобод деҳаи Хурсандии ноҳияи Кӯшониён маводҳои ғизоӣ расонида шуд.

Бояд гуфт, ки расонидани кӯмак ва дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ниёзмандон, ятимон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат қарор дошта, минбаъд низ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён барои дастгирии иҷтимоии қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ кӯмакҳои хайрхоҳона бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.