НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Кӯшониён: Санаи 22.06.2023 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Конференсияи илми назариявӣ бахшида ба 26­­­-солагии Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Ваҳдати Миллӣ ва нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдории Тоҷикистони Соҳибистиқлол” дар МТМУ №14-и Ҷамоати деҳоти Заргар доир карда шуд.

Дар оғози Конференсия бо мақсади тарғибу ташвиқи моҳияти Ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти милии шаҳрвандон бахусус насли наврас, эҳёи анъанаҳои миллию давлатӣ таҳкими ҳунарҳои дастии занону модарон дар Муассисаи таълимии №14 намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Муассисаи таълимии №14 ва  Муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф ба маърази тамошо гузошта шуд.

Аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона, раисони ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва иштирокчиёни чорабинӣ дидан намуда, баҳои баланд доданд.