ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР МАҲАЛЛАВУ ДЕҲАҲО

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” пайваста доир мегардад.

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ аз тарафи соҳибкорони маҳал Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” пайваста доир мегардад.

Корҳои ободониву созандагӣ ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоиста ба сокинон роҳандозӣ гардида. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон ташаббусҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлонро пайваста миёни қишрҳои гунонгуни аҳолӣ ташвиқу тарғиб менамоянд.

Аксияи ҳизбии сангфаршкунӣ бо ҷалби соҳибкорони маҳал, саховатмандон ва ҷавонони фаъол дар деҳаи Хироб ва Мулокони ҷамоати деҳоти ноҳияи Балҷувон доир гардида барои ободонии маҳалаи худ саҳми шоён гузоштанд.