РӮЗИ ЭКОЛОГӢ БАХШИДА БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 17 июни соли 2023, ба истиқболи 26 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ баҳри ободу зебо гардонидани гирду атрофи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва роҳравҳо дар назди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия Аксияи экологӣ гузашта истодааст. Дар ин Аксия тамоми аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  иштироки фаъололна дошта, баҳри сарсабзии диёри хеш ва тозаву озода нигоҳ доштани хиёбонҳо, ҳудуди муассисаву ташкилотҳо, нарм намудани бехи дарахтони сояафкан, тоза нигоҳ доштани боғҳои фароғатии ноҳия ва шоҳроҳҳо,  саҳми бевоситаи хешро гузошта истодаанд. Бо ҳамин мақсад аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” баҳри тозаю озода гардонидан аз ҳамагуна партовҳо дар Аксияи экологӣ иштироки фаъолона намуданд.