ДАСТГИРИИ ТАБАҚАҲОИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Кӯшониён:Ташаббусҳои ҳизбӣ. Ғамхорӣ дар ҳаққи  ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгири намудани онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳим ба шумор рафта, дар тамоми қаламрави мамлакати азизамон ин гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ дар ҳама иду ҷашнҳо аз иқдому ибтикори хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд.

Ҳамчунин дасти кумак дароз намудан ба шахсони ниёзманд низ дар фарҳанги миллати мо яке аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки бахшида ба Иди Қурбон, Маҳмадизода Ҷ , раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “СТОМАТОЛОГИЯ ” бо иштироки кормандони Кумитаи ичроияи ҲХДТ, Неъматуллоева С ва Нурализода М, чун анъана ба ин қишри ҷомеа бо мақсади хайру савоб ва ғамхорӣ намудан ба Хуҷашова Хайри  кумаки пуллӣ бо маблағи 500 сомон тақдим намуд.

 Бояд гуфт, ки расонидани кӯмак ва дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ниёзмандон, ятимон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат қарор дошта, минбаъд низ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён барои дастгирии иҷтимоии қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ кӯмакҳои хайрхоҳона бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша роҳандози карда мешаванд.