КИШТИ ТАКРОРӢ – БОИСИ ФАРОВОНӢ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

           Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини Ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон заминаи дурусти захирасозӣ барои фасли сармо мебошад.

         Имрӯзҳо сокинони ноҳияи Темурмалик суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизбӣ Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин таъкид мекунанд: “Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани ду ва се ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем”, шиори худ намуда самаранок меҳнат мекунанд.

         Имрӯз муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин дар якҷоягӣ бо кормандони Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик дар “Маҳаллаи №9” бо усули хона ба хона ноҳияро дидан намуданд, маълум шуд, ки сокинон барои гирифтани ду ва се ҳосил аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираи худ ҷаҳду талош доранд.

         Ҳамзамон сокинони маҳаллаи номбурда хотиррасон карда шуданд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирду атрофи хонаҳои истиқоматии худро тозаю озода нигоҳ доранд