СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба истиқболи шоиста пешвоз гирифтани 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мардуми заҳматкашу бунёдкори ноҳияи Данғара сиёсати созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлатро сармашқи кор дониста, дар ҷодаи ободониву бунёдкорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат арзиши олӣ дошта, заминаи асосии мавҷудияти давлат ва кафили рушди давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Дар амал татбиқ намудани ормонҳои миллӣ, қабули қарорҳои сиёсии ҳаётан муҳим ва ниҳоятан дар дасти худ гирифтани тақдири ояндаи давлату миллат аз таҳкими истиқлолияти сиёсию давлатӣ ва такмили пояҳои он вобаста аст.