Амалишавии ташаббусҳои ҳизбӣ дар маҳал

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо аз ҷониби фаъолон ва тарафдорони ҲХДТ дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ корҳои ободкорию созандагӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо маром идома дорад.

Чунин иқдом дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Анорбоғ"  аз ҷониби аъзоён ва тарафдорони ҲХДТ маншаъ гирифта сокинони деҳаи Асроҷ Раҷабови Ҷамоати деҳоти Ҷиликул, гирду атрофи оромгоҳи деҳаи худро бо девори хишти семент маҳкам намуда истодаанд ва бо ин маромашон дар корҳои ободкорию созандагии ноҳия саҳми худро гузошта истодаанд.