Рӯзи кормандони савдо, адои хидмати маишии аҳолӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷашн гирифта шуд

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи кормандони савдо, адои хидмати маишии аҳолӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ дар ноҳия санаи 3 июни соли 2023 дар бинои КВД фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия ҷамъомади идона баргур гардид. Бахшида ба ин сана ба кормандони соҳа дастархони идона ороста шуд. Дар чорабини намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда кормандони соҳаро бо ин санаи муборак табрику муборакбод намуда собиқадорон ва фаъолон бо Сипонома ва туҳфаҳои рамзӣ қадрдонӣ гардиданд.