КӮДАКОН - ОЯНДАИ МОВУ ШУМО

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳар сол рӯзи якуми июн дар кишвар ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана ба мо - калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем. Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроия дар ноҳия санаи 1 июни соли 2023 Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола аз вазъи муассисаи давлатии таълимии томактабии №11 ноҳияи Ҷалолддини Балхӣ дидан намуда, тифлаконро бо санаи муҳим, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику муборакбод намуд. Бахшида ба ин санаи муҳим ба тифлакони муассисаи номбурда туҳфаҳои рамзӣ тақдим карда шуд.