АЗ ЗАҲМАТИ ҲАР ЯК ФАРД ОБОД ШАВАД МЕҲАН.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рисолати аҷдодии мо ин ободкориву созандагӣ дар масири меҳандӯстиву меҳанпарастӣ мебошад. Ҳар як аъзои фаъоли ҳизби ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон мехоҳад, ки аз худ номи нек боқӣ гузорад ва дар саҳифаҳои созандаи таърихи навини миллат абади сабт гардад.

Бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мулоконӣ” ва иштироки васеъи аъоён ва фаъолони ҳизб роҳи назди МТМУ №12 сангфарш ва роҳрави об тозаву озода карда шуд.

Ин амалҳои неку хайрхоҳона анҷоми кор набуда, шахсони саховатпешаву меҳандӯст азм доранд, ки бозҳам баҳри пешравиву ободии маҳалаву деҳаҳҳо, чун пайравони мактаби созандаи Раиси муаззами ҲХДТ баҳри сарсабзиву хуррамии диёр  саҳми шоён гузоранд.