“РӮЗИ ЁДОВАРӢ” БАҲРИ ЭҲТИРОМИ ГУЗАШТАГОНИ ХЕШ.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади амали гардидани “Рӯзи Ёдоварӣ” ва эҳтиром гузоштан ба рӯҳи гузаштагон аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон, пайваста гирду атрофи оромгоҳҳои маҳаллаву деҳаҳоро тоза намуда, амалисозии ташаббуси ҳизбии Рӯзи ёдовариро поси хотир ба гузаштагони хеш мепиндоранд.

Бо ин мақсад дар оромгоҳи “Хуҷачилон” дар деҳаи дашти Майдони ҷамоати деҳоти Балҷувон, ҳашари дастаҷамъона зери унвонии “Рӯзи Ёдоварӣ” баргузор гардид, ки ҳар як нафар бо як масъулияти баланд гирду атрофи оромгоҳро аз алафҳои бегона тозаву озода намуданд.