АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “НЕРӮИ ҶАВОНОН ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Агар ба саҳифаи 30-солаи Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои миллат бо такя ба ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа ба даст омадааст.

Ҳамзамон, бо иқдоми Сарвари давлат соли 2017  “Соли ҷавонон” эълон гардид, ки ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид. Ташаббуси мазкур, инчунин, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Ба ин муносибат Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, санаи 23 майи соли 2023 бо иштироки мудири бахши кор бо занон Нурализода Малика ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Нерӯи ҷавонон дар масири таърих” баргузор намуд. Дар ин замина дар аксияи мазкур ба сокинони касбу кори гуногун, зиёда аз 100 адад варақаҳои тарғиботӣ тақсим карда шуд.