БАҲРИ ОБОДИВУ САБЗКОРӢ НАМУДАНИ ГИРДУ АТРОФИ МУАССИСА САҲМГУЗОР МЕБОШЕМ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» - и ноҳияи Дангара, омӯзгорону хонандагони МТМУ №2, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ ҳамарӯза корҳои ободонӣ ва шинондани гулҳои ҳамешасабз баргузор гардида истодааст. Қобили қайд аст, ки чунин тадбирҳои сабзкориву кабудизоркунӣ тариқи ҳашар  роҳандози карда шуда, кормандони ташкилотии ибтидоии “Маорифчиён” низ дар ҷамоати шаҳраки  МТМУ №2 ба шинондани гулҳои садбаргу ранга оғоз бахшиданд.  

Чунин иқдомҳои ободонӣ  ва  амали некбинона бо ташаббусу дастгирии директори  МТМУ №2  Ҳамидова Назурбӣ  ҳамарӯза ҳиссагузори намуда, баҳри ободиву  сабзкори намудани гирду атрофи муассисса идома дошта, симои онро боз ҳам зебову назаррабо намуда истодааст.