ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ БАҲРИ ОБОДИВУ ПЕШРАВИИ ДИЁР

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Номи нек гузоштан аз худ рисолати инсони комил ва шаҳрванди масъулиятпазир мебошад. Маҳз дар фазои осудагии кишвари доимбаҳори Тоҷикистони азиз, ҳар як фард чун пайрави мактаби асили созандаву бунёдкорӣ  Пешвои муаззами миллат, дар ободии ҳар як гӯшаи диёр саҳм гузошта, масъулияти шаҳрвандии хешро иҷро менамоянд.

Аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Балҷувон  низ,  моҳияти  ташаббусҳои ҳизбиро дарк намуда, баҳри беҳбудии кор дар ин самт камари ҳимат бубаста, рисолати шаҳрвандии хешро пеши насли оянда иҷро намуда истодаанд.