ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗИМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 22 майи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Фирӯз оид ба истифодаи самараноки заминҳои наҳдиҳавлигӣ ва заминҳои ба истилоҳ Президентӣ доир карда шуд. Дар мулоқот Мирзоев Толиб намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор иброз доштанд, ки  аксарияти сокинони ин ҷамоат аз ин обу ҳавои мусоиди кишварамон истифода набурда, нисбати заминҳо беаҳамияти зоҳир менамоянд. Дар ҳудуди заминҳои наздиҳавлигӣ, но вобаста ба таъкидҳои ҳамешагии масъулон мушоҳида намудем, ки то ҳол ягон намуди зироатҳо кишт карда нашудаасту илова бар ин гову молҳояшон гашту гузор карда истодаанд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳастанд шахсоне, ки маърифати истифодабарии заминҳоро надоранд. Илова бар ин аз масъулини ташкилоти ибтидоии мазкур даъват ба амал оварда шуд, ки корҳои таблиғотиро оид ба масъалаи мазкур бо тариқи хона ба хона ба роҳ монанд. Ҳамзамон ҳангоми гузаронидани сўҳбат бо аҳолӣ барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва риояи мунтаззами гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин ҳангоми баланд пайдо шудани нишонаҳои беморӣ саривақт муроҷиат намудан ба духтур ва дигар паҳлуҳо ба онҳо фаҳмонида шавад.