НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАРҒИБИ ҒОЯ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

18 май дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед Раҳмон, фаъолон, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дигарон иштирок доштанд.

Ҳамоиши ҳизбиро Шарифзода Ҷамшед Раҳмон, раиси ноҳияи Восеъ бо сухани табрикотӣ оғоз бахшида, изҳор дошт, ки ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи асосӣ ва неруи бузурги бунёдгару созандаи давлат ба ҳисоб рафта, пешрафту ободӣ ва рушду шукуфоии ҷомеа аз ин неруи ояндасоз вобастагии амиқ дорад. Агар ба таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, бо таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони кишвар баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ бо шинохту дарки рисолати таърихии хеш барои мустаҳкам намудани Истиқлоли давлатӣ ва ягонагӣ дар кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Дар идома Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба сухан баромада, иштирокдорон ва дар симои онҳо тамоми ҷавонони кишварро бо рӯзи идашон табрику таҳният гуфт.

Саидзода Ҷамшед Ҳамро қайд намуд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки қисмати асосии аҳолии кишварамонро маҳз ҷавонон ташкил дода, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Воқеан, рӯ овардан ба ҷавонон ва такя ба тавонмандии онҳо дар аксари кишварҳо ба назар мерасад, зеро ҷавонон бо қувва ва неруи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд.Ҷавонон ворисони арзандаи давлату миллат, тақдирсози роҳи имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон арзёбӣ мегардад.

Дар фарҷом ба як қатор фаъолон барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сипосномаву Ифтихорномаҳо, ба ду нафар маъюбони дараҷаи якум нафақаи ҳизбӣ ва ба 4 нафар аъзои нав шаҳодатномаи ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.