САҲМИ АҲОЛӢ ДАР ТОЗАГИЮ ОБОДКОРӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷояги бо аъзо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Фархор” санаи 18.05.2023 бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди маҳаллаҳои ҷамоат гардиш доир намуданд.

Масъулини ташкилоти ибтидоии мазкур ва кормандони ҳизбӣ ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оиди истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ тақсим намуданд. Ҳарзамон раисни Кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳрак зимни суханронӣ оид ба маданияти шаҳрниши суханрони намуда, иброз доштанд, ки Бахшида ба 35 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар қаламрави ноҳия корҳои ободонӣ бомаром ҷараён дорад. Шаҳраки Фархор, ки маркази маркази ноҳия маҳсуб меёбад ва аксар сайёҳону меҳмонон ба ин ҷо меоянд, бояд зебову диққатҷалбкунанда бошад. Дар ин самт мо сокинон бояд фаъолона дар шамбегиҳо иштирок намоем, зеро тозаву озода будани кӯчаҳо аз фаъолияти пайвастаи мо вобастагии зиёд дорад. Зерои ин макон ҷои зисти мост ва шаҳраки Фархор оинаи ноҳияи мост.