САНГФАРШКУНИИ РОҲҲО ДАР ДЕҲОТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи татбиқи бахшҳои алоҳидаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бобати тақвият бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо фаъолони ҳизбӣ ва сокинони маҳаллаҳо корҳои бунёдкорӣ вусъат бахшида шуда истодааст.

Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузор намудани корҳои ободонӣ дар доираи аксияи “Якҷоя месозем!” дар Ҷамоати деҳоти Гулшан бо корбарии раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои сангфаршкунии роҳи байни деҳаҳо бо маром идома доданд. Дар ин корҳои хайру савоб саҳми сокинон ва шахсони саховатманди ноҳия назаррас буда, аллакай ба масофаи зиёда аз 5 км роҳҳои байни маҳалларо сангфарш намуданд. Муносиби тазаккур аст, ки чунин корҳои ободонию созандагӣ мунтазам дар ҳамдастӣ бо дигар фаъолони ҳизбӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия идома бахшида мешаванд.