Аксияи тозаги гарави саломатист дар гулгашти ҷавонони оҳия доир карда шуд.

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи  17  майи   соли 2023 дар маркази ноҳия бо иштироки кормандони  фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии Идораи бойторӣ  дар ноҳияи Ховалинг аксияи ҳизбии тозагӣ  гарави саломатист  гузаронида шуд, ки дар он аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизб ва дигар ҷонибдорони ҳизб фаъолона иштирок намуданд.

Бояд қайд кард, ки бо фаро расидани фасли баҳор  тамоми ташкилоту муассиса , маҳалли зисти одамон   ва ҳар як хонадон барои  гузории чунин корҳои солимгардонӣ ба берун баромада саҳни коргоҳу ташкилотҳо ва маҳалли зисти худро тозза м енамоянд.
Беҳуда нагуфтаанд, ки “Тозагӣ гарави саломатист”.
Дар ин фасли шукуфтанҳо ҳама ба саҳни корхонаҳои худ баромада ба тозагии гирду атроф машғул мешаванд то ки маҳалҳои кори худро аз хасу хошок тоза намоянд, ки ин як самти фалоияти ташкилоти ибтидоӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ҳамин дар ин давра як самти фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияро баргузории чунин аксия ташкил медиҳад.
Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии Идораи бойтори  баъди гузаронидани аксияи ҳизбӣ  изҳор доштанд, ки чунин амали шоистаро , ки ба саломатии онҳо мусоидат менамояд , ҳар моҳ ва дар вақти пайдо шудани зарурат гузаронида, кӯшиш менамоянд, ки бо ин роҳ ба сар задани бемориҳои сироятӣ роҳ надиҳанд.
Бо ибтикори Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия чунин аксия  минбаъд  дар дигар ташкилоту муассиса ва маҳалли зисти одамон бо иштироки фаъолонаи ҳизбиён ва ҷонибдорони ҳизб  гузаронида мешавад.