КОРҲОИ ОБОДОНӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҷиҳати дар амал тадбиқнамудани дастуру супоришҳои раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода оид ба баргузории корҳои ободонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида ба истиқболи сазовор аз ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо саҳмгузории ташкилотҳои ибтидоии ноҳия корҳои ободонӣ ва шамбегиҳо доир гашта истодаанд.Ҳамзамон аз тарафи ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”- и ноҳия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шамбегиҳо баргузор шуда истодаанд. Чунин як шанбегӣ дар мактаби №10 –и ноҳия баргузор карда шуд, ки масъулин ба тоза кардани заминҳои назди муассиса ва шинонидани гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд.