Хониши сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои протоколии маҷлиси назди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро ва нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа дар яке аз ташкилотҳои ибтидоӣ "Хониши сиёсӣ" баргузор карда мешавад.

Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсии аъзоёни ҳизб, ҳувияти миллӣ ва масъулиятшинос гардидани ҳар як корманд ва аъзои фаъоли ҲХДТ мебошад.
Чунин чорабинӣ имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "МГДСЭ",  бо иштироки аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур баргузор карда шуд, ки дар рафти он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор ва раиси ташкилоти ибтидоии "МНДСЭ"  Юсупов Умарҷон иштирок ва баромад намуданд.
Сараввал муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор баромад карда вобаста ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, ҷалби табибони ҷавону лаёқатманд ба сафи ҳизб, навистани андешаву вокунишҳо аз ҷониби кормандон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.
Ҳамчунин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор, оиди пешгирӣ намудани касалиҳои сироятӣ аз ҷониби кормандони МНДСЭ-и ноҳияи Дӯстӣ, назорати тозагию санидарӣ дар тарабхонаю ошхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва назорати муҳлати маводҳои хӯрокворӣ дар мағозаву бозорҳо суҳбат намуд.
Дар анҷом раиси ташкилоти ибтидоии "МНДСЭ"  Юсупов Умарҷон суханронӣ намуда, иброз дошт ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроия мо аз уҳдаи ҳамаи корҳои ҳизбӣ мебароем ва кушиш менамоем ки корҳои назоратӣ ва пешгирии касалиҳои сироятиро пурзур намуда ба сокинон хизматрасонии хубро ба роҳ монем, то ки аҳолӣ ҳама вақт сиҳату солим бошанд.