ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зари унвони “Мактаби ман” бо корбарии бевоситаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Раҳимзода Сайҳомид корҳои ободонию созандагӣ дар муассиса вусати тоза гирифта истодааст. Масъулин айни замон корҳои рангу бор ва азнавсозии девори гирду атрофи муассисаро бо ҷалби шахсони дастбахайре, ки собиқ хатмкунандагони ин даргоҳ мебошанд ба анҷом расонида истодаанд.