Тоза нигоҳ доштани муҳити атроф масъулияти ҳар яки мост.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва безарар намудани партовҳои пластикию полиэтиленӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Эргаш Султонов" дар якҷоягӣ бо Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дӯстӣ, Аксияи ҳизбии "Тозагии муҳити зист" гузаронида шуд.

Бо истифода аз техникаи пуриқтидори соҳавӣ дар деҳаи Ғалабаи Ҷамоати деҳоти Ҷиликул корҳои ободонию тозакунии муҳити атроф гузаронида шуда, аз шафати роҳҳо ва назди ҷую каналҳо партовҳои пластикию полиэтиленӣ ҷамъоварӣ карда шуда ба партовгоҳи марказии ноҳия кашонида шуда безарар карда шуданд.