ИДОМАИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи  нақша – чорабиниҳо масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор санаи 12.05.2022 оид ба тарғибу ташвиқи истифодабарии самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва тарбияи ҳарби ватандустии ҷавоно бо усули “Хона ба хона” дар ҳудуди деҳаю маҳаллаҳои ноҳия гардиш намуданд. Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба оилаҳо варақаҳои тарғиботӣ   тақсим карда, даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаҳои дар боло зикршуда диққати ҷидди диҳанд.Ҳамзамон оид ба сарфакарона ва мақсаднок истифодабарии қувваи барқ низ масъулин бо аҳоли суҳбат намуданд.