ИШТИРОКИ ҲИЗБИЁН ДАР МАРОСИМИ ГУЛГУЗОРӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 9-уми майи соли равон бо мақсади пос доштани хотираи неки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди муҷассамаи “Шаҳидон”-и ҷамоати деҳоти Меҳнатобод маросими гулгузорӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур собиқадорони ғалаба, намояндагон аз шуъбаи маорифи ноҳия, ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” фаъолон ва аъзои ҳизб иштирок намуданд.

Бо мақсади гиромидошти хотираи шаҳидони ҷанг бо роҳпаймоӣ таҳти оҳанги “Полки зинда” ба мавзеи “Шаҳидон” аҳли иштирокчиён бо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар пояи муҷассамаи шаҳидони набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулдастаҳо гузошта, хотираи қурбониёнро пос доштанд.