ИДИ ҒАЛАБА МУБОРАК.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Башарияти ҷаҳон аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Теъдоди сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медод.  Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд.
Дорандагони унвони олии ИҶШС - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ аз ҶШС Тоҷикистон солҳои 1941 - 1945 Ҷанги Бузурги Ватании ИҶШС бар зидди таҷовузи Олмони Фашистӣ рӯй додааст. Халқҳои 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри дифои Ватани азиз бар зидди истилогарони фашистӣ бархестанд.

                Ватан!
Ватан то ман сазовори ту бошам,
Бароят то шавам арзанда фарзанд.
Равам бо роҳи мардони накуят,
Бигирам аз хирадмандони ту панд.
Ватан то, ки бимонад ҷовидона,
Дар оғуши ту ҳар як каҳрамонат.
Биомузам ҳамеша қаҳрамонӣ,
Зи ҳар як каҳрамони ҷовидонат.

   Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳодисаи ҷамъиятӣ, бо роҳи зури давом додани сиёсат буда, мазмуни онро муборизаи муташаккилонаи мусаллаҳона ташкил медиҳад. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихохонаи халқи собиқ Шӯравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашизм буд. Роҳбарони сиёсии Олмон бо иттифоқчиёнашон Италия, Венгрия, Финляндия, Руминия, Испания 110 дивизияро зидди ИҶШС ба ҷанг сафарбар намуданд. Мақсади истилогарон дар муддати кутоҳ несту нобуд кардани Артиши Сурх ва шикаст додани ИҶШС буд. Новобаста аз омодагии амиқ ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаи ҷангӣ ба мардуми шарафманд ва бо нангу номуси Иттиҳоди Шӯравӣ муяссар шуд, ки зафар ёбад. Халқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳама самтҳои асосии амалиети ҷангӣ: Ленинград, Москва, Сталинград, Курск, Днепр ва ғайра бо курбонии зиёд муқобили душман истодагарӣ намуда, қушунҳои фашистиро маҳв месохт. Нерӯи тавоноии мардум руҳи «шикастнопазирии» душманро шикаст.  8-уми майи соли 1945 Олмони Фашистӣ ба ҳуҷҷати таслимшавӣ имзо гузошт.  9-уми май Рузи иди Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ гардид. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок шудааст, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо бе хонаву хоҷагидорӣ монданд.
       Ба хотири пирӯзии ИҶСШ (СССР) бар фашизми хунхор аз ноҳияи  Дӯстӣ низ теъдоди зиёди ҷавонписарону ҷавонмардони далери Ватан тариқи Комиссариати ҳарбии ноҳия ба ҷанг сафарбар гардида зиёда аз нисфи онҳо дар роҳи ҳифзи Ватан ҷон доданд. Инак мо дар арафаи ҷашни бузурги Иди ғалаба ба хонадони онҳо рафта расмҳои хотиравии онҳоро варақ задем. Шодравон Носиров Иваз, Пираков Ҳамад, Сафаров Абдулҳай, Роибов Абдулло, Каримов Бегиҷон, Холиқов Сафар, Қаландаров Шариф, Равабов Асроҷ, Раҳматов Ворис, Холов Маҳмуд, Мирзоалиев ва дигар нафароне, ки мо расмҳои онҳоро дарёфт накардем ба муносибати Рӯзи ғалаба дар ҷанги фашистӣ фарзандон ва наберагони онҳоро табрику муборакбод намуда ба накуномони диёр аз худованд ҷаннати ҷовид ва рӯҳашонро шоду хонаи охирадашонро равшан хоҳонем.