“МАКТАБИ МАН!”, САМАРАИ НЕКИ ХУДРО ДОДАИСТОДААСТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Ташаббуси “Мактаби ман” беҳтарин ташббусҳост, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар роҳандозӣ гардидааст.
Воқеан ҳам ин ташаббус дар шароити имрӯз муҳим ва саривақтӣ аст ва дар доираи он бисёре аз проблемаҳои соҳаи маорифро метавон бартараф намуд.
Мусалам аст, ки ҳамасола баробари афзоиши аҳолӣ дар соҳаи маориф низ проблемаҳо эҷод мешаванд, хусусан мушкилоти ҷойи нишаст, дастрасӣ ба василаҳои тадрис ва дигар шароитҳои таълиму тарбия. Дар ин маврид аҳли ҷоме низ бояд ташаббускор бошанд ва дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи муассисаҳои таълимии маҳали худ мусоиддат намоянд, зеро ояндаи фарзандон, насли наврас аз вазъи таълиму тарбия вобастагии амиқ дорад. Ба ин хотир вазифадорем, ки барояшон шароити муносиб фароҳам оварем.
Дар доираи ин амалиёти муштараки ҳизбии "Мактаби ман!" дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и Ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳия вохӯрӣ бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ – Озода Хушбахт баргузор гардид.Мақсад аз баргузории ин амалиёт ҷалби хатмкардагони муассиса ва шахсони саховатпеша барои амалисозии корҳои ободонию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаи таълимӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳангоми суҳбат вобаста ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Боиси зикр аст, ки тибқи тақвими тасдиқшуда Амалиёти «Мактаби ман» бо иштироки хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ доир мегардад ва аснои суҳбат аз ҷониби маъмурияти мактаб камбудию норасоии муассиса пешниҳод мешавад ва хатмкардагон ба таври имкон дар ҳалли он ба таври дастаҷамъӣ ё ҷудогона мусоидат мекунанд.
Албатта ёди давраи мактабӣ дар хотираи ҳар нафар нақш бастааст ва дилбастагие ба мактаби хатмкардаи худ дорад. Бисёре аз нафарон хоҳиши кумак намудан ба муассисаи хатмкардаи худро доштанд, аммо барои онҳо як василае лозим буд, ки дар ин маврид сарҷамъашон созад ё ба ин кор раҳнамоӣ кунад. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин маврид тавонист, ки идеяеро эҷод созад, ки айни муддао бошад. Ҳамин аст, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ ташаббуси мазкур ҳамовозии комил пайдо намуд ва итминон аст, ки ин амалиёт аз интизориҳо дида, самараи бештар ба бор ҳоҳад овард.
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ