“СОАТИ СИЁСӢ” ТИБҚИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАК!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

    Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад.

       Чунин амалиёт санаи 29-уми апрели соли равон дар МТМУ №22-и ноҳия Ҷайҳун бо иштироки омузгорони соҳибтаҷриба ва собиқадорон миёни толибилмон “Соати сиёсӣ” вобаста ба мавзуҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи Ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва огоҳонидани онҳо аз воқеаҳои имрӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳон гузаронида шуд.