Ҷараёни баргузории Соати сиёсӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроия.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва хизмат намудан дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ аз ҷониби кормандони масъули Кумита ва собиқадорону фаъолони ҳизбӣ дарсҳои кушод зери унвони "Соати сиёсӣ" баргузор карда мешавад.

Чунин чорабинӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз ва муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ, Мирзосафарзода Шамсиддин, бо хонандагони синфи 11-и муассисаи таълимии-45 ноҳияи Дӯстӣ гузаронида шуд.
Мавзӯи "Соати сиёсӣ" ин навбат Ҳифзи пиряхҳо ва самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ интихоб карда шуд.
Зимни баромади худ Ҳамидзода Абдулҳафиз вобаста ба манбаи пайдоиши пиряхҳо, ташаккулёбии пиряхҳо, сабаб ва омилҳое ки ба обшавии пиряхҳо оварда мерасонанд ва самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин Мирзосафарзода Шамсиддин баромад карда, вобаста ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, интихоби касбу ҳунар ва ихтиёран ҷалб намудани ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.