АЪЗОЁНИ ФАЪОЛИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ ДАР ОБОДОНИИ ДЕҲАИ ХУД САҲМ МЕГУЗОРАНД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо гардонидани як гушаи диёр, саҳм гузоштан дар корҳои бунёдкориву созандагӣ инчунин дар амал татбиқ намудани аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” бо ҷалби аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти ба номи А. Авазов кучаҳои байни деҳа  сангфарш  карда шуд. Бояд қайд кард, ки бо ҷалби мардуми ҳамин деҳа ва нафарони хайрхоҳ 1,5 км роҳ сангфарш карда шуд. Аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар оянда низ дар чунин корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузошта кушиш менамоянд, ки дар ободонии маҳали хеш саҳми худро гузоранд.