Ташаббусҳои ҳизбӣ дар маҳал амалӣ мегарданд.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ, бо ташаббуси раисони Кумитаҳои маҳалла ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳал корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Бо иқдоми раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти "Нури Вахш" Турдиев Амондавлат ва ҷалби сокинону аъзоёни ҳизб дар ҳудуди ҷамоат то имрӯз як қатор корҳои ободонӣ аз ҷумла сангфарш намудани роҳҳои дохилӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ, бинои алоҳидаи МТМУ-23 ва дигар корҳои созандагӣ ба анҷом расонида шудааст.
Ин навбат бо ташаббуси шахси мазкур ва саҳмгузории аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ, зиёда аз 1-км роҳи марказии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Нури Вахш чароғон гардида истодааст ва дар оянда бо бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша боқимондаи роҳ пурра чароғон карда мешавад.