ҒАМХОРӢ БА ҚИШРҲОИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгириву ғамхорӣ зоҳир намудан ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбону барҷомондагон, камбизоатон, ятимон ва ниёзмандон яке аз самтҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Дар пайравӣ ба ин амалҳои нек ба муносибати иди саиди фитр аз тарафи вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён Урманова Мавҷуда бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ба як нафар оилаи ниёзманд Ҳакимова Қурбоной сокини деҳаи С. Айнии ҷамоати деҳоти Навбаҳор кумакҳои яквақтаина расонида шуд.

Аз ин амали нек оилаи Ҳакимова Қурбоной хушҳол гардида, барои чунин ғамхориҳо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдории самимона намуданд.