ҒАМХОРӢ БА ҚИШРҲОИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгириву ғамхорӣ зоҳир намудан ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбону барҷомондагон, камбизоатон, ятимон ва ниёзмандон яке аз самтҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Дар пайравӣ ба ин амалҳои нек ба муносибати иди саиди фитр раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона маъюбону ниёзмандонро аёдат намуданд. Зимни аёдат аробачаи маъюбӣ ва маводи ғизоии яквақтаина кумак карда шуд. Аз ин амали нек маъюбону ниёзмандон хушҳол гардида, барои чунин ғамхориҳо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минтадории самимона намуданд