АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “2025 СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО”

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик, Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар роҳравҳои ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик гузаронида шуд.

        Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик Ширмои Маҳмасаид  бо иштироки волонтиёрон ба сокинони ин Ҷамоат буклетҳо бо навиштаҷоти 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – ро тақсим намуданд.

        Пиряхҳо – яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор меравад. Барои бо об таъмин будани аҳолии тамоми кишварҳо, пиряхҳо неъмати асосӣ ҳисобида мешавад, чунки бе об ҳеҷ як нафаре наметавонад зиндагонӣ намуда, умр ба сар барад. Барои дар сатҳи байналмилалӣ ошно сохтани ин гуна мафҳумҳо саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо рангин аст.

        Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки соли “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” қабул ва эълон гардид.

Мақсад аз баргузор намудани чунин Аксия, нақши ташаббускори сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллатро фаромӯш накунанд.