МОРО ҚАДР МЕСОЗАНД, БА МО БОВАРӢ ДОРАНД ВА МО ҲАМНАФАСУ ҲАМСАДОИ МАРДУМЕМ, ЗЕРО ҲХДТ АЗ УМҚИ МАРДУМ РЕША ГИРИФТААСТ

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Амали неку хайрхоҳона ва пайрави асили мактаби инсондӯстонаву ғамғоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз зиёд гардиа, ҳар як аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон пайваста баҳри дастгирии оилаҳои камбизоату ниёзманд,  танҳову маъюб ғамхори зоҳир намуда, дар арафаи ҳар як иду айём хотири онҳоро шод месозанд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзишгарон”-и ноҳияи Балҷувон  Мирзоев Тоҷиддин яке аз чунин ҷавонони ғамхору ватандӯст ба ҳисоб меравад, ки пайваста дар ҳар як иду ҷашнҳо аёдати чунин оилаҳоро намуда, чун пайрави асили мактаби инсондӯстонаи Роҳбарияти Олии мамлакат хотири онҳоро шод менамояд, то ки онҳо низ худро танҳо бекас ҳисоб насозанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон дастгирии ҳар як аъзо фаъолон ва ҷонибдорони хешро қадр намуда, барои беҳтару хубтар гардидани вазъи зиндагии оилаҳои маъюб, танҳо, ниёзманд бо ҷонибдорони хеш ҳамоҳанг намуда, камеҳам бошад хотири ин қишри ҷомеаро осуда гардонида онҳоро зери ғамхориҳои доимӣ қарор медиҳанд.

Зеро ки ҲХДТ аз умқи мардум реша гирифта, баҳри зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст.