Садақаи фитрро ба нафарони эҳтиёҷманд бояд дод

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Раҳму шафқат ба ниёзмандон, сила кардани сари ятимону шод кардани дили ранҷурон ва дастгириву нигоҳубини маъюбону камбизоатҳо яке аз хислатҳои азалии мардуми тоҷик маҳсуб шуда, аз фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати мо сарчашма мегирад ва дасти ёрӣ дароз намудан ба эҳтиёҷмандонро бузургони мо аз ҷумлаи рисолатҳои ҷавонмардӣ шумурдаанд. Вобаста ба гуфтаҳои боло дар қисмати охири моҳи Шарифи Рамазон аз ҷониби раиси ноҳияи Восеъ муҳтарам Шарифзода Ҷамшед Раҳмон ва нафарони хайрхоҳ садақаи фитр ба 200  нафар оилаҳои камбизоат аз ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия кумаки як вақтаинаи моди аз ҷумла 10кг орд, 5л равған ва 10 кг макарон дода шуд. Иқдоми хайрхоҳонаи раиси ноҳияи Восеъ муҳтарам Шарифзода Ҷамшед Раҳмон ва нафарони хайрхоҳ дар доираи дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Восеъ дар якҷогӣ бо мутасаддиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ аз ҷониби саховатмандон пайваста амалҳои хайру сахо ба иҷро расонида мешавад, ки аз ин амал сокинони хеле шод ва қаноатманд мегарданд.